ТАРҒИБИ МОҲИЯТ ВА АҲАМИЯТИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ МИЁНИ ҶАВОНОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

         Санаи 8 - апрели соли равон дар муассисаи таълимии №13 мулоқоти Вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор бо ҷавонон дар мавзуи “Ҷавонон пайравони Пешвои миллат” баргузор карда шуд.  Дар мулоқот нотиқон иброз доштанд, ки Пайрав гуфтан аз рафтору кирдор ва амалҳои шоистаи касе ибрат гирифтан, давомдиҳандаи корҳои ӯ будан, ё ин ки аз ҷиҳати илму маданият ва хештаншиносӣ ба Ӯ монанд шудан аст. Хусусан, мо ҷавонон мехоҳем аз пайравони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем. Пас суоле рӯйи андеша меояд, ки чаро мо маҳз пайравони Пешвои миллат бошем? Кадом амалҳои Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон андоза шуда метавонад? Хостам ақидаҳои шахсии худро гуфта бошам.

         Сабаби ба сарвари давлат пайравӣ намудани мо – ҷавонон нотарсиву ҷасурӣ ва мардонагиву ғурури баланди ватандӯстии ӯст. Маҳз ӯ тавонист диловарона ҳимояи сулҳи Ватанро бар дӯши худ бигирад ва бигӯяд: «Ман ба шумо сулҳ меоварам!» Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат сулҳу ваҳдатро бар диёри тоҷикон ҳукмфармо сохт, қонунҳои наве, ки ба манфиати халқ аст, ҷорӣ намуд, барои омӯзиши илму дониш шароит муҳайё кард, барои пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон бо дигар давлатҳо ҳамкорӣ дорад, акси бузургони тоҷикро дар пулҳои миллӣ ҷоӣ додаст, ки ин арҷгузорӣ ва қадрдонӣ нисбати ниёгони хеш аст ва яке аз сифатҳои баланди сарварист. Баъди Истиқлолиятро ба даст овардан, меҳани тоҷикон ҳам аз ҷиҳати зоҳирӣ ва ҳам ботинӣ ранги дигарро гирифт. Иншоотҳои бузурги фарҳангӣ, илмӣ, саноатӣ, фароғатӣ, барқӣ сохта шуданд, ки яке аз пурқудраттарини он НБО-и Норак, Сангтӯда ва Роғун мебошад. Ин ҳама ва ҳама ба шарофати марди оқилу фарзона сарвари мамлакат бунёд гардидааст, ки ҳисоб надорад. Аз ин хотир, ба ӯ унвонҳои Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат дода шуд, ки басо арзанда аст.