КУМАК БА НИЁЗМАНДОН АМАЛИ ХАЙРУ САВОБ АСТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Муҳимтарин фазилати иди саиди Фитр бо нияти нек, шодмониву хушҳолӣ ва амалҳои хайру савоб истиқбол гирифтани он ба ҳисоб меравад.

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии оилаҳои ниёзманд, маъюбон, ятимон ва табақаҳои камбизоат дар арафаи Иди саиди Фитр ба шахсони яккаву танҳо, ятимону камбизоатон, маъюбонва оилаҳои камбизоати ноҳия аз  ҷониби ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия дар ҳамдасти бо имомхатибон кӯмак бо маводҳои ғизоӣ аз қабили орд, равған, картошка, пиёз, биринҷ ва дигар маҳсулотҳои ниёзи рӯзгор расонида шуд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”, ба аёдати ниёзмандон, маъюбон ва оилаҳои камбизоат рафта, Иди саиди фитрро ба онҳо муборакбод гуфт ва аз шароит ва зисту зиндагонии онҳо бархурдор гашт. Бо дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат ҳамаи саъю кушишҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии сокинони кишвар равона сохтааст. Ва мо бояд шукргузор аз сулҳи пойдор ва оромиву тинҷии сарзаминамон бошем.