ШАМБЕГИҲО ИДОМА ДОРАНД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати иҷрои барқияи телефонии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба баргузории корҳои ободони ва хуррамгардонӣ таҳти унвони “Рӯзи ободониву созандагӣ” дар бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳосилот” ҳашари дастаҷаъмона баргузор карда шуд. Дар ин ҳашар аъзои ҳизб ба таза намудани гирду атрофи шоҳроҳи ноҳия аз ҳар гуна партовҳо, нарм намудани бехи дарахтон камари ҳиммат бастанд.