ҲАШАРИ ДАСТАҶАЪМОНА ДАР ТИҲ “ДАВЛАТОБОД”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар асоси барқияи телефонии раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҷиҳати баргузории корҳои ободони ва панҷшанбеи ҳар ҳафта доир намудани ҳашарҳои дастаҷаъмона масъулини ташкилот ибтидоии ҳизбити “Давлатобод” дар ҳудуди деҳа ва назди муассисаи таълимии деҳот корҳои ободони ва тозаги баргузор намуданд. Дар ин ҳашар сокинон ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба ҳашар баромада ҷуйҳои обгузар ва бехи гулу бутаҳои ороиширо тозаву нарм намуданд. Дар кори ҳашар намояндаи кумитаи иҷроияи ҳхдт дар ноҳияи Фархор Мирзоев Толиб иштирок доштанд.