ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВИ БА ИСТИБОЛИ РӮЗИ ПИРЯХҲО

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷамъомади тантанавӣ баргузор карда шуд, ки дар он ҳамаи хонандагон ва омузгорони муассиса иштирок намуданд.Зимни суханронӣ Директори муассисаи мазкур иброз дошатанд, ки Сарзамини азизи мо – Тоҷикистон табиати бою рангин, иқлими мусоид, хоки ҳосилхез, маъданҳои нодир, ҷангал, марғзорҳои сабзу хуррам дорад. Мо бояд аз ин шукрона гӯем, ки ҳамин обу хоки бофайз, ҳамин табиати босаховат дар мушкилтарин рӯзҳои ба сарамон омада баракату раҳматашро аз мо дареғ надошт. Эмомолӣ Раҳмон Ибтидои қарни XXI барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун давраи пешниҳоди ташаббусҳои наҷибона, ки заминаи амали рушди устувори кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ба ҳисоб меравад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон тавассути кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба ормонҳои миллӣ устуворона мавқеи хешро дар арсаи байналмилалӣ бештар тақвият дода, нуфузу эътиборашро боз ҳам қавитару боазамттар менамояд. Дар ҷаҳони имрӯза, новобаста аз мушкилоти гуногуни муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои дастаҷамъонаи кишварҳои олам барои дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои дорои хусусияти умумибашарӣ равшан ба назар мерасад. Дар доираи ин фаъолияти густурда, ҷалби амалҳои созандаю хайрхоҳонаи давлатҳои аъзо, таваҷҷуҳ ба ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ пайваста зоҳир мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба сифати аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ чандин маротиба тавонист бо таҳия ва пешниҳодҳои муҳим дар мавриди ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ саҳми арзандаи худро гузорад.