ТАРҒИБИ ТАРБИЯИ ҲАРБӢ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳаллаи №10” мулоқоти раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур Раҳимзода Сайҳомид бо аъзо ва ҷонибдорониҳизб дар мавзиӣ “Асосҳои ҳуқуқии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонсуханронӣ намуда, иброз доштанд, ки қабули Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006, «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва инак, қабули ду санади муҳимму стратегии дигар дар ин самт дар соли 2022 — «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон тадбирҳои саривақтиву судманд ва дархури ниёзҳои ҷомеаи кишвар маҳсуб меёбанд. Қобили зикр аст, ки ҷараёни татбиқи барномаҳои вусъатдори давлатӣ оид ба ватандӯстӣ собит месозад, ки бояд дар ин ҷода усулҳои нави кор бо насли ҷавон ва тадбирҳои самарабахш таҳия ва амалӣ карда шаванд. Барои он ки дар ниҳоди насли ҷавону навраси кишвар эҳсоси ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихор аз давлатдории миллии хеш маскан гирад, онҳо қабл аз ҳама бояд аз забон, таьрих ва фарҳанги пурѓановату арзишмандамон огоҳии бештаре дошта бошанд. Бо ин назардошт, чунин муносибатҳо бевосита дар сатҳи санадҳои қонунгузорӣ ва барномавӣ давра ба давра муайян, муқаррар ва раванди мазкур ҷоннок карда шудааст.Бо мақсади танзими ҳуқуқии фаъолият дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, муайян кардани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ин соҳа, субъектҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тақсимоти вазифаҳо дар байни мақомоти татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва муайянсозандаи масъулияти онҳо дар низоми қонунгузории кишвар зарурати қабули санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор ҷой дошт. Дар Ҷумҳурии Қазоқистон барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон қабул гардида, амал мекунад. Дар Туркманистон ва дигар ҷумҳуриҳо ин мавзуъ қисман дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, аз ҷумла дар қонунҳо дар бораи маориф ва сиёсати давлатии ҷавонон танзим гардида, қонуни алоҳидае қабул нашудааст.