МАОРИФ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №58 бо мизи мудаввар дар мавзӯи "МАОРИФ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ" бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроия дар ноҳия баргузор карда шуд.

Зимни суханронӣ нотиқон иброз доштанд, ки давлату Ҳукумати кишвар аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун омили асосии тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин сиёсатро муттасил таҳким, рушд ва тақвияту идома дода истодааст. Қабули якчанд барномаву консепсияҳои муҳимми давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори олимону омӯзгорон заминаи мусоид фароҳам оварда, ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид.

Қобили зикр аст, ки бо дарназардошти нақши бузурги илму маърифат дар рушди ҷомеаи мутамаддин Ҳукумати мамлакат дар даврони истиқлолият масъалаи пешрафти илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон кардааст. Дар ин росто, бевосита бо иқдомоти маорифпарваронаи Пешвои миллат то ба имрӯз китобҳои таълимӣ бо дарназардошти шароити нав таълиф ва чоп гардиданд, ки онҳо доир ба ҳар мавзӯи дарсӣ маълумоти бештар дошта, бар замми ин, омӯзгорони соҳибтаҷриба бо истифода аз имконоти фароҳамоварда аз шабакаҳои иҷтимоии таълимӣ низ фаровон истифода менамоянд.

Инчунин, аксари муассисаҳои таълимӣ дар ҷараёни дарс аз технологияҳои наву ҳозиразамон ва шаклу усулҳои фаъоли таълим истифода карда, насли наврасро бо дастовардҳои муосири илмӣ шинос ва ҷиҳати васеъ гардонидани дараҷаи ҷаҳонбинии онҳо кӯшиш менамоянд.

Чунин, шароит ва дастгириҳои давлатӣ далели он мебошанд, ки имрӯз шумораи зиёди таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, ҷумҳурии соҳибистиқлоли моро муаррифӣ намудаанд. Баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ба монанди дигар соҳаҳои иҷтимоӣ дар соҳаи илму маориф низ муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Сарфи назар аз мураккабии вазъи сиёсӣ ва мушкилоти давраи гузариш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ илму маорифро соҳаи муҳимтарину афзалиятноки кишвар эълон намуда, зери назар ва пуштибонии махсуси худ қарор доданд.