ПЕШГИРӢ АЗ ИСРОФКОРИҲОИ БЕАСОС

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тоҷикон” мулоқоти мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бо аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии маскур дар мавзуи “Пешгирӣ аз исрофкориҳои беасос” доир карда шуд.

         Зимни суханронӣ оид ба масъалаи болозикр иброз доштанд, ки анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ яке аз рукнҳои асосии фарҳанги миллӣ маҳсуб ёфта, дар ҳаёти ҳар қавму миллат ба шаклҳои гуногун зуҳур меёбанд. Хушбахтона, зиёда аз як даҳсола аст, ки дар Тоҷикистон баҳри танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” мавриди амал қарор дорад ва он дар ҳаёти мардуми тоҷик тағйироти куллиеро ба вуҷуд оварда, сокинонро аз чанголи исрофу хурофот раҳонид. Даҳсолаи мазкур ҷомеаи Тоҷикистонро баҳри сарфаву сариштакорӣ ҳангоми баргу­зории маросимҳои хурсандиву азодорӣ ҳидоят намуда, имконият фароҳам омад, то мардум ҳамнабзи замон бошаду дар натиҷаи сарфакорӣ барои худ зиндагии шоистаро муҳайё созад. То ҷое аён аст, ҳадаф аз танзими ҷашну маросимҳои миллӣ агар аз як ҷониб танзими рӯзгори омма бошад, аз ҷониби дигар дар меҳвари миллатсозӣ сарҷамъ на­мудани мардум аст. Чун ҷаҳон пур аз таззод аст, дар ҳар рӯзу соат як забону миллате маҳв мегардад.

Дар идома раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Себи сурх” ба сухан баромада иброз доштанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бар меояд. Қонуни мазкур аз соли ба тавсиб расиданаш то ҳол натиҷаҳои назарраси пешгиркунандаи ҳуқуқвайронкунии кӯдакону наврасонро нишон додаст. Аз ҷумла, дар ҷомеаи имрӯзаи кишварамон сатҳи оворагардию ҳуқуқвайронкунӣ ва содир гардидани ҷиноятҳо аз ҷониби ҷавонону наврасон нисбат ба солҳои гузашта хеле паст шудааст ва падару модарон низ барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандон тамоми чораҳои заруриро андешида, шароити хуби маърифатнок намудани онҳоро ба роҳ монда истодаанд. Аммо бо вуҷуди ин, барои боз ҳам коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни насли ҷавони ҷомеа ва ба ҳаёти осудаву арзанда роҳнамоӣ кардани онҳо аз мақомоти дахлдор ва пеш аз ҳама аз падару модар масъулияти бештар тақозо мегардад. Зеро, имрӯзҳо баъзан ба назар мерасанд оилаҳои ҷавоне, ки бо сабаби надоштани таҷрибаи кофии оиладорӣ ва дониши мукаммал барҳам мехӯранд. Дар ин росто волидон вазифадоранд, ки инкишофи қобилияти фарзандонро фароҳам оварда, шаъну шарафи инсонии онҳоро эҳтиром намуда, ба муомилаи бераҳмона нисбат ба онҳо роҳ надиҳанд, бо муассисаҳои таълимӣ ҳамкорӣ намоянду пайваста аз ҷараёни донишандӯзии фарзандони худ бохабар шаванд.