ТЕРРОРИЗМ ВА ХАТАРУ ОҚИБАТҲОИ ОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Зери ҳамин мафҳум дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 мулоқоти намояндаи ШВКД дар ноҳияи Фархор мулоқоти судманд бо аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳояи доир намуданд.

Масъулин оид ба мавзӯи болозикр иброз доштанд, ки  дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои муҳими илмҳои сиёсӣ мебошад. Аз ин рӯ дар тамоми ҷаҳон марказҳо ва донишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ба омӯзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ равона гардиданд. Дар ин радиф ҷараёни экстремизми сиёсӣ ва терроризми сиёсӣ пешсаф аст. Экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояи фаъолияти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад. Аз ин хотир, зарурати дарки амиқ ва фаҳмиши васею ҳамаҷонибаи он ба пеш меояд. Бинобар ин, таҳқиқ ва баррасии экстремизм- зинаи аввали инкишофи гурӯҳҳои канориро ташкил менамояд.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ ва ҷангҷӯёна дорад. Ин амалу зуҳуротҳои он  дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш таъсир расонида метавонад.

Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошт, ки монеаи ташаккул ва рушди ҷомеаи ороми ҷаҳонӣ гардид. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф нест. Сари ин масъала, ҳамарӯза Ҳукумати кишварамон бо роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат чораҳо андешида, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додаанд.Воқеан, имрузҳо таъсир ва ташаккули равияи террористӣ ба фазои ҷаҳони исломӣ таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста гардидааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин, дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши асосии онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем.