БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МАҲАЛЛАИ №9”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Мулоқот дар ташкилоти ибтидоии “Маҳаллаи №9” дар ҳишияи  мулоқоти Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо фаъолони чомеа ва ходимони дин доир гардида буд баргузор карда шуд.

         Раиси ташкилоти ибтидоии  зимни суханронӣ оид ба масъалаи тарбияи дурусти ҷавонон ва пешгирии онҳо аз гирифтани таълимоти ғайриддини баромад намуда, минбаъд барои ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ, аз ҷумла тавассути шабакаи интернет, агар ин кирдор хусусияти динии экстремистӣ надошта бошад ва давоми сол, пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошад, ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда мешавад.

Ин иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бомаврид ва қобили дистгирӣ буда, яке аз роҳҳои пешгирии паҳн шудани ҳар гуна таълимоти динӣ-ифротӣ дар кишвар аст. Зеро раванди таълимоти ғайриқонунии динӣ, сарчашмаи таблиғкунандаи идеологияи ифротӣ ва қадами нахустин ба ҷониби ячейкаҳои ибтидоии террористӣ буда, асосан дар шароити ҳуҷраҳо ва манзили зисти рӯҳониёни иртиҷоӣ ба роҳ монда мешавад. Тамоюли ба таълими ғайриқонунии динӣ фаро гирифта шудани насли наврас то ҳол ҳамчун ангезаи таҳрикдиҳандаи болоравии сатҳи таассубу хурофот, радикализми динӣ ва моилсозии ҷавонон ба сафи гурӯҳу созмонҳои террористию экстремистӣ боқӣ мондааст.

Агар хатари асосии таҳдид ба амнияти давлатӣ ва давлатдории дунявӣ зуҳуроти террористӣ ва экстремистӣ бошад, пас сарчашмаи асоси паҳншавии ин зуҳуроти хатарзо аз таълими ғайриқонунии динӣ сарчашма мегирад. Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ фаъол гардидани таълими ғайриқонунии динӣ низ боиси ташвиш гардидааст, зеро таълими мазҳабу равияҳои гуногуни барои муҳити динии Тоҷикистон ғайрианъанавӣ, аз ҷумла равияҳои салафия, низ таблиғ мешавад.

Дар Тоҷикистон низ дар солҳои навадуми асри гузашта дар натиҷаи фароҳам омадани шароитҳо, муассисаҳои динӣ дар ҷомеа якбора рӯ ба афзоиш оварданд, ки ин ба болоравии сатҳи диндориву хурофотзадагӣ дар ҷомеа боис шуд. Аз вазъияти баамаломада, пеш аз ҳама, диндорони кишвар бо ёрии хоҷагони берунаи худ вазъиятро ба манфиати худ истифода бурда, аз камсаводӣ ва дарки нокифояи идеологияи миллӣ мардумро ба шӯру кашмакашиҳои бемаънӣ расониданд. Ҳодисаҳои гузашта моро бояд водор созад, ки сари ҳар гуфтору рафтори “исломиёни бунёдгаро” ва “хоҷагони” онҳо дуруст хулоса барорем.