ҲАШАРИ ДАСТАҶАЪМӢ ДАР МУМУ №12

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” ҷиҳати иҷрои бандҳои алоқаманди нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба баргузории корҳои ободонию созандагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ масъулини Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 бо ҷалби фаъолони ҳизбӣ ҳашари дастаҷамъона баргузор намуданд. Зимни баргузории ҳашари дастаҷамъона дар замини назди муассиса нарм карда шуда, дар қисми дигари муассиса масъулин ба шинонидани гулҳои ороишӣ машғул шуданд.