МУЛОҚОТ ДАР ДЕҲАИ АРЧА

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Мулоқоти гурӯҳи корӣ дар ҳайати Мирзошарифзода Иброҳим – омӯзгори Академияи идоракунии давлатии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси ноҳияи Фархор Раҳматуллозода Дилбар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Ваҳизода Муҳаммад дар ҳошияи суханронии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар молоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар деҳаи Арчаи Ҷумоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Фархор доир гардид. Саравал раиси ҷамоати мазкур чорабиниро ҳусни огоз бахшида, суханро ба Раҳматуллозода Дилбар додард.

         Муалимаи азиз зимни суханронӣ дар маъалаи либоси миллӣ андешаҳояшонро баён намуда иброз доштанд, ки бонувони тоҷик худ табиатан ҳусни зебо доранд ва бо ба бар кардани либоси миллӣ ҳусни онҳо дучанд мегардад. Бонувони тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, либоси миллии онҳо, бешубҳа, яке аз рукнҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллат мебошад.

«Солҳои охир бо афзудани талабот ба тамошои филмҳои хориҷӣ ва тақлид ба ҳунарпешаҳои хориҷӣ бештари занҳо ва ҷавондухтарон ба сӯйи бегонапарастӣ майл намуда, либосҳои ба миллати мо бегонаро ба бар мекунанд. Онҳо бештар ба ҳиҷобу сатри сиёҳ ва либосҳои доманкӯтоҳ, тангу барашон бурида ҳавасмандӣ пайдо намудаанд, ки ба фарҳанг ва тарзи тафаккури миллии мо умуман хос нестанд. Ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим бонувони мо пироҳанҳои дарози аз зону поён бо миёнбанди нозук ба бар мекарданд. Сатр ва ҳиҷоб хоси бодиянишинон буд ва ба либоси миллии мо робитае надошт. Сатри сиёҳ ба мардуми мо куллан бегона аст.

Мутаассифона, як гурӯҳ бонувон имрӯз либоси миллии зебои худро монда, либоси дигар давлатҳоро эътироф намуда, фарҳанги дигар мардумро муаррифӣ карда истодаанд, ки ин рафтори онҳо кулли сайёҳон ва меҳмонони хориҷиро ба ошуфтагӣ меорад», майл ба либоси бегона кардан ва даст кашидан аз фарҳанги бою ғании миллатамон боиси таассуф ва нигаронист, зиёда аз ин ҳамаи ин беэҳтиромӣ нисбат ба миллат ҳисобида мешавад. Зеро, агар забони миллат яке аз ҷузъҳои ҳувият ва ҳастии ҳар миллат бошад, пас ҷузъи дигари муҳими он либос мебошад. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки зимни суханронии хеш бахшида ба Рӯзи Модар 7 марти соли 2020 дар робита ба ин масъала таъкид намуда буданд: «Мехоҳам таваҷҷуҳи модарону бонувони муҳтарамро бори дигар ба масъалаи риояи расму ойинҳои миллӣ, аз ҷумла тарзи либоспӯшӣ, хусусан дар ноҳияҳои атрофи пойтахти мамлакат ҷалб намоям. Тақлид ба либоспӯшии бегона, яъне бегонапарастӣ нишонаи возеҳи бефарҳангиву бемаърифатӣ ва гузашта аз ин, ҷаҳолат аст ва оқибати хуб надорад».Дар идома Вализода Муҳаммад дар масъалаи пешгирии шомилшавӣ ба равияҳои номатлуб суҳбат намуда, иброз доштанд, ки  имрӯз яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҳақиқат, терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштор, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ ва амсоли он дониста мешаванд.Ифротгароӣ бошад, ба хотири гумроҳ сохтани инсонҳо зуҳур карда, онҳоро побанди ақидаҳои диниву мазҳабӣ ва террористӣ месозанд. Ин амалҳои номатлуби ҳизбу ҳаракатҳои тундрави созмонҳои террористӣ ба ҳаëти имрӯзаи сокинони ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар дошта, барои гумроҳ ва шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ таъсири амиқи худро расонида истодаанд. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем, ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати нохуш ва нанговар доранд. Ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгаро, ки сарчашмаашон ДОИШ мебошад, ба Ислом ҳеҷ қаробате надоранд. Онҳо танҳо аз дини Ислом истифода намуда, амалҳои террористии худро дар ҷомеаи мо амалӣ месозанд.Таҳлилҳои ҳаррӯзаи кишварҳои қурбони ҳамлаҳои террористӣ гардида нишон медиҳад, ки террорист худ дастгоҳест, ки кишварҳои манфиатхоҳ ба хотири ноамнии вазъияти кишварҳои сулҳу суботи комилдошта истифода мебаранд.Чи гунае, ки Пешвои миллат борҳо иброз доштаанд; “Террорист ватан, миллат, дин, нажод надорад”. Мо ‐ омӯзгорон ва насли калонсолро зарур аст, ки ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем, ки аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ худдорӣ намуда, ба Ватану миллати хеш содиқона хизмат намоянд.  Ҳамзамон вализода дар идомаи суханронӣ чиҳати пешгирии аз майл намудани ҷавонон ба фарҳанги бегона чунин ибрози назар намуданд. хурофоту ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меорад. Бинобар ин, мо бояд наврасону ҷавононро ба фарогирии илму дониш ва касбу ҳунар пайваста даъват намоем. Зеро касе, ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад. Хотиррасон гардид, ки ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ шаҳрвандони кишвар бо падидаи густурдаи ба сари мардум бор кардани андешаву равияҳои ифротгароиву бегона ва зӯровариву мудохила аз хориҷ рӯ ба рӯ шуданд. Сарфи назар аз ин, Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Сарвари давлат дар такя ба ирода ва ҷонибдории мардуми Тоҷикистон аз сулҳу субот кӯшиш ба харҷ дод, то муколамаи васеи миллӣ ба роҳ монда, ваҳдати милливу суботи ҷомеаи худро барқарор намояд. Дар натиҷа ба мо муяссар гардид, ки хатари дар ҷомеаи кишвар паҳн шудани терроризму ифротгароии хушунатомезро бартараф карда, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ шурӯъ намоем.