ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР МТМУ №64

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №64 корҳои азнавсозӣ ва таъмири капиталии бинои асосии муассиса оғоз гадида аст. Корҳои сохтмонӣ бо саҳгузорӣ ва дастгирии аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода роҳандозӣ карда шудааст. Ҳамзамон дар ин корҳои созанда саҳми асостсиатсияи падарону модарони муассисаи мазкур дар доираи амалиёти муштараки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҲХДТ назаррас мебошад.