ТАРҒИБИ ЛИБОСЛИ МИЛЛӢ МИЁНИ ДУХТАРОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Муассисаи таълимии миёнаи умумии №29 ҷиҳати тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва ба ин васило огоҳ намудани ҷовондухтарон аз фарҳангу анъанаҳои миллии тоҷикӣ миёни хонандагони синфҳои 10 ва 11 хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.   Дар мулоқот масъулин оид ба пешгирӣ аз пайвастани ҷавондухтарон ба фарҳанги бегона ва тақлиди либоспушии хориҷӣ суҳбат намуданд. Зимни суханронӣ иброз карад шуд, ки  «Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгорие аз аҷдодонамон аст, ки дар тӯли қарнҳо шинамию зебоиашро гум накардааст. Насли имрӯзро дар баробари ифтихормандӣ, инчунин зарур аст, ки баҳри ҳифзу муаррифии  он  масъулиятшинос бошад. Ин ганҷинаи бебаҳои ғайримоддии миллати куҳанбунди худро омӯхта, қадр, ҳифз ва муаррифӣ намуда, ба наслҳои оянда ба мерос гузорад». -Агар либоси миллатҳо мазмуни хоси худро намедошт, чаро  онҳо аз якдигар тафовути зиёд доранд? Агар либос ҳикматеро дар худ таҷассум намекард, чаро ранги онро муносиб ба маросимҳо интихоб мекарданд? Ин ҳама бозгӯи он аст, ки либоси миллӣ рукни муҳими ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги ҳар як миллату халқият буда, ҳувияти онҳоро дар замони ҷаҳонишавӣ таъмин менамояд. Ҳар як нафаре, ки ба дараҷаи худшиносии миллии худ расидааст, дарк мекунад, ки нигоҳ дошта тавонистани арзишҳои миллӣ ҳам қарз асту ҳам ифтихор. Пас, биёед он ҷузъи фарҳанги миллиро, ки моро ҳамчун тоҷик муаррифӣ менамояд, аз омезишҳо ва тақлиди кӯркӯрона эмин нигоҳ дорем”