ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 –и ноҳия бахшида ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо ташаббуси ташкилоти ибтиодоии “Маорифчиён” ҷорабинии тантанавӣ доир карда шуд, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор иштирок намуданд.Нахсут дар чорабинӣ директори муассисаи мазкур суханронӣ намуда, ҷамъомадагонро ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику  таҳният намуда суханро ба намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор доданд.  Мавсуф зимни суханрони зикр дошт, ки Наврӯз чун таҷассумгари ваҳдати инсону табиат ба раванди таҳкими иттиҳоду дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни миллатҳову кишварҳо мусоидат мекунад. Наврӯз 21 март ҳамасола дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешуд ва шурӯъ аз соли 2023 дар баробари Наврӯз бо як ташаббуси навбатии Пешвои миллат дар самтӣ об ва захираҳои обӣ, ки дар Созмони Миллалӣ Мутаҳид бо ҷамъи аъзоянаш пазируфта шуд ҳамчун Рӯзи ҳифзи пиряхҳо ҷашн гирифта мешавад. Тавре, ки ҳамаи мо медонем, Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ оид ба об дар сайёраи  замин дар ҷойи аввал меистад. Ва ин обруву нуфузи кишвар ва миллати мо мебошад.Наврӯз ба маънои рӯзи нав ва рӯзи баробар шудани шабу рӯз дар баҳор аст.  Рӯзи байналмилалии Наврӯз ҳамчун аввалин рӯзи баҳор яке аз бузургтарин ҷашнҳоест, ки соле як маротиба дар бахши васее аз ҷаҳон, аз Балкан дар Аврупо гирифта то Чини ғарбӣ таҷлил мегардад.  Бо омадани баҳор ва оғози гармӣ пас аз рафтани сардиҳои зимистон, табиат зинда шуда, дубора худро оройиш медиҳад. Наврӯз ин таҷассуми эҳёи табиат, тантанаи ҳаёт, умед ба зиндагӣ ва ҳосили фаровони сол аст.