ТАШАББУСҲОИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Зери ҳамин мафҳум дар Қасри фарҳанги деҳаи Ориён бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шафтолибоғ” Конференсия баргузор карда шуд. Дар кори конференсия ҳамчунин намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия иштирок ва суханрони намудданд.

Саравал Кенҷазода Алишер раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур суханрони қад карданд, ки Бо назардошти пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо тарафдории аксари кишварҳои ҷаҳон 21-уми март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” муқаррар карда шуд. 21-уми март муайян гардидани “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” басо рамзӣ ва падидаи нек аст. Зеро ин рӯз мардуми шарифи Тоҷикистон, тамоми тоҷикзабонони ҷаҳон ва мардумони “ҳавзаи Наврӯз” Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд. Яъне аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид муайян шудани 21-уми март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” беҳикмат набуда, нишон аз арҷгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ба фарҳанги тоҷикон, махсусан ташаббусҳои Пешвои тоҷикони ҷаҳон, сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин иқдоми Созмони Милали Муттаҳид бори дигар нуфузи ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишон медиҳад. Дар таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати ҳифзи объектҳои гуногуни экологӣ таҷлил намудани якчанд санаҳои байналмилалӣ муқаррар гардидааст. Аз ҷумла, 22-юми апрел – Рӯзи байналмилалии Замин, 5-уми июн – Рӯзи ҳифзи муҳити зист, 4-ми октябр – Рӯзи байналмилалии ҳайвонот, 11-уми декабр – Рӯзи байналмилалии кӯҳсор ва ғайра. 21-уми март пешбинӣ гардидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо низ ба ҳифз, нигоҳдошт ва аҳаммияти муҳим доштани пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун манбаи обии сайёраи замин равона гардидааст.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва фароҳам овардани заминаҳои ташкилӣ-ҳуқуқии муайяннамоии Рӯзи байналмилалии ҳифзи онҳо чораҳои мушаххаси амалиро роҳандозӣ кардааст. Аз ҷумла, дар кишвар ба мушкилоти обшавии пиряхҳо то кунун як барномаи давлатӣ бевосита ва ду стратегия бавосита қабул гардида, амал карда истодаанд, ки мазмуну моҳият ва ҳадафи амалисозии онҳо барои ноил шудан ба мақсадҳои болозикр равона гардидааст. Яке аз чунин санадҳо Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 мебошад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми майи соли 2010, №209 тасдиқ шудааст. Дар ин Барнома ҳадафҳои созанда ва муқаррарот ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва муайян намудани санаи дақиқе чун Рӯзи ҳифзи пиряхҳо ҷой доранд.  Инчунин, дигар иштирокчиён низ дар навбати худ ба сухан баромада андешаҳои худро оиди ин мавзуъ баён доштанд. Дар охир ба фаъолонва хонандагоне, ки дар мусобиқаҳои дохилиноҳиявӣ ва вилоятию ҷумҳурияви мақомҳои шоистаро ноил гардидаанд сипосномаҳои директори муассисаи №16 тақдим карда шуд.