ШАМБЕГИҲО ИДОМА ДОРАНД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” чиҳати иҷрои барқияи телефонии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба баргузории корҳои ободони ва хуррамгардонӣ таҳти унвони “Рӯзи ободониву созандагӣ” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ҳашари дастаҷаъмона баргузор карда шуд. Дар ин ҳашар устодуну хонандагони муассиса ба таза намудани гирду атрофи бино аз ҳар гуна партовҳо, нарм намудани бехи дарахтон ва насб намудани шиору овезаҳо бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни пуршукуҳи Наврӯзи байналмилалӣ камари ҳиммат бастанд.