МУЛОҚОТ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “АЛОВУДДИН”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Аловуддин” чиҳати шарҳу тавзеҳи мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин мулоқот бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб баргузор карда шуд.

         Дар мулоқот раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур Файзулоев Ҷамшед ҷиҳати тадбиқи қонуни миллӣ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” андешаҳои худро чунин баён доштанд, ки  бояд қайд намуд, ки то қабули ин Қонун дар баргузории ҷашну маросимҳо ва харҷу сарфи маблағҳои зиёд, забҳи зиёди чорво роҳ дода мешуд, ки ҳамаи ин ба зиндагии рӯзмарраи мо таъсири манфӣ расонида, боиси камбизоат гаштани мардум мегардид. Бинобар ин, мақсади Қонун аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шуда, вазифаи он танзими анъана ва ҷашну маросим дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.          Қонуни мазкур бо тақозои давр анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асосии фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, ҳамзамон барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Таҳлили аниқи баргузории ҷашну маъракаҳои мардумӣ собит менамояд, ки ғолиб омадани ҳирсӣ манманӣ, худнамоӣ ва тақлидкорӣ тадриҷан ба манбаи хатари азим ба иқтисодиёти оила ва ҷомеа мубаддал гардида буд. Маъракаҳо на адои вазифаҳои волидайн дар назди фарзандон, балки зоҳирпарастию худнамоӣ ва худпарастию ҳашамати худро нишон додан буд.  Яке аз дастовардҳои нахустин ва назарраси умумимиллии Қонун дар он ифода меёбад, ки дар шароити буҳрони иқтисодӣ он тавонист манфиати мардуми кишварро ҳимоя намояд ва онро воқеан, метавон як қонуни мардумӣ номид, зеро он барои таъмин ва ҳифз намудани манфиатҳои иқтисодии мардум нигаронида шуда, ҳангоми омода сохтани он фикру ақида ва андешаи қишрҳои мухталифи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва таҷрибаи мамолики суннигаро ва пайрави мазҳаби ҳанафӣ, инчунин дунявияти давлати мо ба назар гирифта шудаанд.  Аз ин рӯ, бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросимҳои динӣ дар таҳкиму ҷаҳонбинии мардум, ратсионализатсияи тафаккури аҳолии кишвар, ваҳдату худшиносии миллӣ, дӯстӣ, рафоқату ягдигарфаҳмӣ, меҳнатпазирӣ, ғамхорӣ ва раҳму шафқат ба ҳамдигар мусоидат намояд.