МУЛОҚОТИ СУДМАНД ДАР ДЕҲАИ НАВОБОДИ ПОЁНИ ДЕҲОТИ ЗАФАР

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар деҳаи Навободи поёни Ҷумоати деҳоти Зафари ноҳияи Фархор мулоқоти гурӯҳи корӣ дар ҳайати Мирзошарифзода Иброҳим – омӯзгори Академияи идоракунии давлатии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси ноҳияи Фархор Раҳматуллозода Дилбар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Ваҳизода муҳаммад ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои соҳаи маънавиёти ноҳия дар мавзуҳои пешгирии шомилшавӣ ба равияҳои номатлуби экстремистию ифротӣ, пешгирии фарҳанги бегона, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, худкушию худсузӣ, ҷинояткорӣ миёни ноболиғону ҷавонон, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалаҳои муброа доир гардид. Саравал раиси ҷамоати мазкур чорабиниро ҳусни огоз бахшида, суханро ба Мирзошарифзода Иброҳим – омӯзгори Академияи идоракунии давлатии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон додард.

         Устод зимни суханронӣ дар маъалаи пешгирии шомилшавӣ ба равияҳои номатлуб суҳбат намуда, иброз доштанд, ки  Дар шароити имрӯз яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҳақиқат, терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштор, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ ва амсоли он дониста мешаванд.Ифротгароӣ бошад, ба хотири гумроҳ сохтани инсонҳо зуҳур карда, онҳоро побанди ақидаҳои диниву мазҳабӣ ва террористӣ месозанд. Ин амалҳои номатлуби ҳизбу ҳаракатҳои тундрави созмонҳои террористӣ ба ҳаëти имрӯзаи сокинони ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар дошта, барои гумроҳ ва шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ таъсири амиқи худро расонида истодаанд. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем, ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати нохуш ва нанговар доранд. Ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгаро, ки сарчашмаашон ДОИШ мебошад, ба Ислом ҳеҷ қаробате надоранд. Онҳо танҳо аз дини Ислом истифода намуда, амалҳои террористии худро дар ҷомеаи мо амалӣ месозанд.

Таҳлилҳои ҳаррӯзаи кишварҳои қурбони ҳамлаҳои террористӣ гардида нишон медиҳад, ки террорист худ дастгоҳест, ки кишварҳои манфиатхоҳ ба хотири ноамнии вазъияти кишварҳои сулҳу суботи комилдошта истифода мебаранд.Чи гунае, ки Пешвои миллат борҳо иброз доштаанд; “Террорист ватан, миллат, дин, нажод надорад”. Мо омӯзгорон ва насли калонсолро зарур аст, ки ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем, ки аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ худдорӣ намуда, ба Ватану миллати хеш содиқона хизмат намоянд. Дар идома Раҳматуллозода Дилбар суханрони намуда чиҳати пешгирии аз майл намудани ҷавонон ба фарҳанги бегона чунин ибрози назар намуданд. хурофоту ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меорад. Бинобар ин, мо бояд наврасону ҷавононро ба фарогирии илму дониш ва касбу ҳунар пайваста даъват намоем. Зеро касе, ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад.Хотиррасон гардид, ки ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ шаҳрвандони кишвар бо падидаи густурдаи ба сари мардум бор кардани андешаву равияҳои ифротгароиву бегона ва зӯровариву мудохила аз хориҷ рӯ ба рӯ шуданд. Сарфи назар аз ин, Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Сарвари давлат дар такя ба ирода ва ҷонибдории мардуми Тоҷикистон аз сулҳу субот кӯшиш ба харҷ дод, то муколамаи васеи миллӣ ба роҳ монда, ваҳдати милливу суботи ҷомеаи худро барқарор намояд. Дар натиҷа ба мо муяссар гардид, ки хатари дар ҷомеаи кишвар паҳн шудани терроризму ифротгароии хушунатомезро бартараф карда, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ шурӯъ намоем.