БАРГУЗОРИИ СӮҲБАТУ МУЛОҚОТҲО БО АҲОЛИИ НОҲИЯ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 мулоқоти мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба дастуру супоришҳои Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони ва ходимони дин санаи 9 марти баргузор шуда буд доир карда шуд. Сипас зимни суханронӣ аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои камхарҷ дар доираи қонун баргузор намудани ҳама гуна маъракаҳо иброз доштанд, ки, урфу одат, маросиму анъанаҳо ва ҷашнҳои миллию динӣ дар ҳаёти ҳамаи миллатҳо аҳамияти бузург доранд ва таҷассумгару ташаккулдиҳандаи ҳувият ва хусусиятҳои хоси ҳар як фарҳанги миллӣ мебошанд. Дар масири таърих маросиму анъанаҳо ва ҷашнҳои миллию динӣ ҳамчун меъёрҳои иҷтимоӣ табиати ҳуқуқӣ касб карда, дар танзими муносибатҳои иҷтимоӣ, ташаккулу такомули ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири амиқ расонидаанд. Ин тамоюл нақши худро имрӯз низ дар ҷомеаҳои миллии бо истилоҳ «анъанавӣ», аз ҷумла дар Тоҷикистон, то ҳадде нигоҳ доштаанд. Онҳо барои ба эътидол овардани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инкишофи худшиносии миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии миллати тоҷик нақши асосӣ мебозанд.Дар идома аз тарафи иштирокчиёни дигар гуфта шуд, ки мову шумо сокинони ноҳияи Фархорро заруруст, ки дар масъалаи пешгири аз хатару оқибатҳои терроризм дар якҷоягӣ фаъолиятро ба роҳ монда бар зидди ҳама гуна таълимоти ғайриқонунии динӣ, ки бархе аз чаласаводон бо ин роҳ маблағ ҷам намуда фарзандони моро ба роҳи нодуруст мебаранд мубориза барем. Инчунин, дар замони ҳозира экстремизми динӣ бештар ба сиёсат сару кор мегирад.Мақсади асосии масъулони экстремизм ба ҳар роҳу восита созмон додани давлати ягонаи динист. Аз ибтидои кор ин ҷараён мақсад дорад, ки сараввал мавқеашро дар давлатҳои аҳолияшон мазҳабӣ мустаҳкам намуда, баъдтар тамоми ҷаҳонро зери нуфузи худ қарор диҳанд. Шаклҳои муборизааш маълум буда, бо роҳи зӯрӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, халалдор сохтани сулҳу субот ва истиқлолият, ҷорӣ намудани ҳокимияти динӣ ва онро дар муборизаи худ барои ҳадафҳои ниҳонӣ, бидуни созиш бо ҷомеа ва шаҳрвандон истифода менамоянд.