БАРГУЗОРИИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

        Бо ташаббуси аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода ҳамзамон иҷрои дастури барқияи телефонии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 6 март №1/2-08 корҳои тоза нумудани каналу заҳбурҳои ҳудуди ноҳия роҳандози карда шуд. Айни замон дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии об” бо техникаҳои зарурӣ ба тоза кардани канали обгузар аз тагшинҳо камари ҳиммат бастаанд. Зимни суҳбат раиси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур иброз доштанд, ки имрӯзҳо тоза намудани каналу новаҳои бетонии ҳудуди ҷамоат бомаром идома дорад, ки даррузҳои наздик қисми зиёди онҳо тоза карда мешаванд.