ТОЗА КАРДАНИ КАНАЛҲОИ ОБГУЗАР

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати шаҳраки Фархор” бахшида ба таҷлили сазоворӣ идҳои баҳорӣ ва ҳамзамон иҷрои дастури барқияи телефонии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 6 март №1/2-8 корҳои ободонӣ ҳафтае ду маротиба баргузор карда шуда истодааст. Субҳи имрӯз корҳои тоза намудани каналҳои обгузари ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Фархор рохандозӣ шуданд. Айни замон дар кучаи Ҳ. Шерозии Ҷамоати шаҳраки Фархор масъулини корхонаи Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бо техникаҳои зарурӣ канали обгузарро аз тагшинҳо тоза карда истодаанд.