ОМОДАГИҲО БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар ҳудуди ноҳияи бахшида ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо ташаббуси мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ҷорабинии гуногуни тантанавӣ  аз қабили намоиши сару либоси миллӣ ва ҳунарҳои мардуми доир карда шуда истодаанд, ки дар онҳо намояндагони ташкилотҳои ибтидои иштирок ва суханронӣ намуданд.Зикр гашт, ки яке аз ҷашнҳои бошукӯҳтарини қавмҳои ориёӣ, бахусус мардумони форсизабонон ин ҷашни Наврӯз аст. Бо кӯшишу талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдорӣ аз тарафи роҳбарияти давлатҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ҳиндустон, Озарбайҷон, Мақдуния, Албания ва дигар давлатҳои Ховари Миёна, 19 феврали соли 2010 – ум қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд, ки дар он, 21 – уми март таҷлили Ҷашни Наврӯз - ба унвони ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид. Дар сатҳи ҷаҳонӣ чунин тадбирандешӣ баҳри эҳёи таърихӣ Иди Наврӯз ва таҷлили минбаъдаи ин суннати фарҳанги маънавӣ барои миллати тоҷик фахри бузург аст. Таҳқиқ ва эҳё намудани оину анъанаҳои бостонии ҷашни Наврӯз ва бузургдошти сатҳи баланди он ҳамчун арзиши бебаҳо барои меросбарони ояндаи миллати мо бояд вазифаи муқаддас бошад. Наслҳои мо бояд аз таърихи хеш огоҳӣ пайдо намоянд ва ҳамеша расму оинҳои миллии қадимаи аҷдодиамонро ҳамеша нигоҳдор бошанд. Тамоми оинҳои Наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявианд ва метавонад наслҳоро ба покии зоҳиру ботин, садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебоипарастӣ ҳидоят намояд.Иди Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии аҳли меҳнат мебошад, ки таъсир ва инъикоси он дар байни идҳои таърихӣ, миллӣ ва анъанавии мардуми Шарқ аз рӯйи шӯҳрат ва шукӯҳи худ мавқеи аввалинро ишғол менамояд. Наврӯз мутобиқ ба солшумории шамсӣ 21-22-юми март, дар луғатҳо ба маъноӣ Рӯзи нав ва тоза, Рӯзи нахустини аввали сол, яъне рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст. Ҳамзамон ин ҷашни муқаддаси мардуми тоҷиқ ба як санаи дигари таърихи рост оимадааст, ки ин ҳам бошад бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат таърихи 14 декабри соли 2022 аз минбари баланди Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи захираҳои обӣ зери унвони “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” элон намуд, ки аз ҷониби аъзоёни ин созмони бонуфуз бо қаноатмандӣ пазируфта шуд. Ва ҳамасола дар санаи 21 март рӯзи байналмилалии пиряхҳо ҷашн гирията мешавад.