БАРГУЗОРИИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ҷиҳати иҷрои барқияи телефонии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Хатлон оид ба баргузории корҳои ободони таҳти унвони “Рӯзи ободонию созандагӣ” дирӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ноҳия бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи байнанмилалӣ корҳои ободони хуррамгардонӣ бо тариқи ҳашар ба роҳ монда шуд. Дар ин ҳашар аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ фаъолона ширкат намуда, ба тоза кардани замини назди муассиса аз алафҳои худруй машгул гардиданд.