КОРҲОИ ОБОДОНИ ДАР ДЕҲОТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар доираи дастуру супоришҳои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҷиҳати истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмиллабо бо корҳои ободонию бунёдкорӣ  як зумра корҳои созанда рӯйи кор омада, вазъи экологии деҳот беҳбудӣ ёфтаистодааст.    Дар ин замина дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Некмензар”-и ноҳияи Фархор бо корбарии бевоситаи раиси ташкилоти ибтидоии мазкур корҳои ободонию хурамгардонӣ ба роҳ монда шуд. Аъзо ва ҷонибдорони ҳизби дастаҷаъмона ба ҳашар баромада чуйҳои обгузари дудуди деҳаро тоза намудаанд, зиёда аз 60 адад дарахтони ороиши шинониданд.