МАРОСИМИ ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ВА МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар майдончаи варзишии тозабунёди Мауссисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 маросими қадршиносии ғолибони озмунҳа ва мусобиқаҳои баргузорнамудани ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар доираи ҷашни Рузи Модар баргузор карда шуд.Ҳамзамон дар чорабини иштирокчиён ба ғолибон сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотирмонро супорида бори дигар аз модарону хоҳаронро бо ин иди баҳорӣ табрик намуда, қайд карданд, ки «Модар гаҳвора ва оламро ба ҳам мепайвандад ва бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд». Модар барои фарзанд дарҳои илму маърифатро боз мекунад, яъне аввалин омӯзгори фарзанд мебошад, ба хотири орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат беминнат талош меварзад. Инчунин дар чорабини сармутахассиси Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоӣ Хушбахтов Аҳад баромад намуда, дар васфи Зан-Модар суханони бузургонамонро ёдовар шуданд. Дар интиҳои ҷамъомад роҳбарияти вазорат бори дигар бонувони вазорат ва дар симои онҳо модарон, хоҳарон ва духтарони сарбаланди кишварро ба фаро расидани иди фархундаи Рӯзи модар – ҷашни таҷассумгари сарсабзиву зебоӣ аз самими дил мубаракбод гуфтанд.