МАЪРАКАИ ГУЛШИНОНӢ ДАР НАЗДИ БИНОИ ҲХДТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои мақомотҳои болоии ҳизӣ ба истиқболи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ дар асоси барқияи телефонии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон зери унвони “ҲХДТ ҳизби созандаву бунёдкор” як зумра ташаббусҳои ободонӣ рӯйи кор омада, ҳусни ноҳияро боз ҳам зеботар менамояд.    Дар ин замина бо саҳми масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар назди бинои корӣ корҳои ободони ба роҳ монда шуданд. Нимаи дуюми рӯзи 7 – марти соли ҷорӣ кормандони ҳизби дастаҷаъмона ба ҳашар баромада чуйҳои обгузари ҳудуди идораро тоза намудаанд, зиёда аз 50 адад гулҳои садбарг шинониданд.