МАРОМИ МО СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ як зумра ташаббусҳои созанда рӯйи кор омада, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва сатҳи зиндагии сокинони кишвар беҳбудӣ ёфтаистодааст.       Дар ин замина дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳровар”-и ноҳияи Фархор бо корбарии бевоситаи раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Назаров Саймумин корҳои ободонию хурамгардонӣ ба роҳ монда шуд. Аъзо ва ҷонибдорони ҳизби дастаҷаъмона ба ҳашар баромада чуйҳои обгузари дудуди деҳаро тоза намудаанд, зиёда аз 100 адад дарахтони ороиши шинониданд.Мавриди зикр аст, ки дарахтони зикргардида ба шароит ва иқлими кишвари мо ва минтақи Фархор мутобиқ буда, хиёбону роҳрав, гулгаштҳо шинонида шуда, ба ҳусни шаҳрак ҳусну зебоии дигар зам мекунад.