ДОИР НАМУДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Саноат” бахшида ба таҷлили сазоворӣ ҷашни байналмилалии Наврӯз ва иҷрои дартури барқияи телефонии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 6 март №1/2-8 дар назди бинои корӣ корҳои ободонӣ баргузор карда шуд.

        Дар ин рӯз масъулин ба шинонидани гулҳои ороишӣ, дарахтони ҳамешасабз ва тоза нмудани гирду атрофи муассиса камари ҳимат бастанд.

        Аз тарафи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб зиёда аз 300 адад гулҳои ороиши ва 50 адад дарахтони ҳамешасабзу соядиҳанда шинонида шуданд, ки ин боз ҳам ҳусни муассисаро зебу зинат мебахшад. Чунин корҳои ободони дар ташкилотҳои ҳизбии дигари ноҳия низ идома доранд.