ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ ТАҲТИ УНВОНИ “МОДАР БАҚОИ НАСЛИ ИНСОНӢ”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бахшида ба таҷлили “Рӯзи модар” чорабинии адабӣ-фарҳангиро таҳти унвони “Модар бақои насли инсонӣ” доир намуд.

Нахсут дар чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Вализода Муҳаммад суханронӣ намуда, модарону бонувони ноҳияро ба истиқболи ҷашни мазкур таҳният намуд. Зикр дошт, ки модарон ҳамеша дар рушди тамаддуну фарҳанг ва бунёди ҳаёти пурсаодати аҳли башар нақши муассир мегузоранд. Модарон бо дастони пурмеҳри худ фарзандон-яъне созандагони ояндаи неки давлат ва ҷомеаро ба камол мерасонанд. Арзишҳои худшиносӣ, садоқат, асолат ва илму маърифатро дар сиришти фарзандон парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила ва давлат метапад.Сипас, бонувони фаъолу собиқадор: Ҷураева Дилором, Абдураҳмонзода Сангимоҳ, ва  Арабова Аноргул суханронӣ намуда, шеърҳо қироат намуданд. Ба муносибати ҷашни “Рӯзи модар” занону бонувони фаъолу собиқадоорони меҳнат аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо туҳфаҳои хотирравӣ қадрдонӣ гардиданд. Дар идомаи чорабинӣ ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ миёни бонувон ва ғолибони озмуни “Иншои беҳтаин” дар мавзуи “Биҳишт зери қудуми модарон аст” аз ҷониби Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия қадрдонӣ шуданд. Ҳамзамон баҳри болидахотирии занону бонувон аз барномаи консерти дар иҷрои масъулини шуъбаи фарҳанги ноҳия роҳандози гардид.