МАҲФИЛИ АДАБӢ ТАҲТИ УНВОНИ “МОДАР БАҚОИ НАСЛИ ИНСОНӢ”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

 Бахшида ба таҷлили “Рӯзи модар” дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 маҳфили адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Модар бақои насли инсонӣ” доир намуд.

Нахсут дар чорабини директори муассиса Наимова Гулчеҳра суханронӣ намуда, модарону бонувонро ба истиқболи ҷашни мазкур таҳният намуд. Зикр дошт, ки модарон ҳамеша дар рушди тамаддуну фарҳанг ва бунёди ҳаёти пурсаодати аҳли башар нақши муассир мегузоранд. Модарон бо дастони пурмеҳри худ фарзандон-яъне созандагони ояндаи неки давлат ва ҷомеаро ба камол мерасонанд. Арзишҳои худшиносӣ, садоқат, асолат ва илму маърифатро дар сиришти фарзандон парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила ва давлат метапад. Сипас, хонандагон бо навбат суханронӣ намуда, шеърҳо аз ашори шоирони классиску муосири тоҷик дар васфи модарқироат намуданд.

Ба муносибати ҷашни “Рӯзи модар” хонанадагони фаъолу муассиа аз тарафи роҳбарияти мактаб бо туҳфаҳои хотирравӣ ва сипосномаҳоқадрдонӣ гардиданд.