ШАРҲИ НУҚТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ҲАЁТИ САЛИМ”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳаёти солим” бо мақсади шарҳу эзои нуқтаҳои Паёми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзо ва ҷонидборони ҳизб баргузор карда шуд.

         Мирзоев Толиб дар назди ҳозирин нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дода инброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ва дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллиро барои соли минбаъда муайян намуданд.

  Ҳамзамон гуфта шуд, ки Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Танҳо дар давоми соли 2023-юм 132 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта, ба истифода дода шуд. Инчунин Пешвои миллат таъкид карданд, ки бо кушодани ин биноҳо ва хоса бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шароити беҳтарини корӣ муҳайё гардид, ва бояд, ки аз роҳбарият то мутахассисони ин соҳа фаъолияти худро дучанду сечанд беҳтар намоянд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат 2 баробар зиёд шуда, аз 5,3 миллион нафар дар соли 1991 то ба 10,2 миллион нафар дар соли 2023 расид. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки афзоиши табиии аҳолӣ аз ҳисоби зиёд шудани таваллуд ва паст гардидани фавт дар замони соҳибистиқлолӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 2,1 фоизро ташкил медиҳад.