МУЛОҚОТ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ЗИДДИ ВНМО”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо мақсади иҷрои дастурур супоришҳои мақомоти болоии ҳизб оид ба баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилотҳои ҳизбӣ ба истиқболи Рӯзи молдар кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор санани 06 марти соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зидди ВНМО”  мулоқот баргузор намуданд.Нотиқон дар назди ҳозириш интроз доштанд, ки Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин аз ҷумлаи аввалин давлатҳоест, ки бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ғамхориҳоро нисбати Зан – Модар бештар намуда, онро ба пояи сиёсати давлатӣ ва рукни муҳими сиёсати давлатдории миллӣ ворид намуд. Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкиму тақвияти нақши занон дар ҷомеа диққати махсус зоҳир намуда, дар ин робита аз ҷумла қайд кардаанд, ки кору пайкори Зан-Модар барои тоҷикон дар тўли таърихи он бо ҳарфҳои заррин сабт гардида занону модарони мо ҳамеша намунаи ибрат, сазовори пайравӣ ва манбаи ифтихороти миллии мо мебошанд: 

 «Дар таърихи тамаддуни чандинҳазорсолаи мо занон нақши басо бузургу саҳми арзанда гузоштаанд. Онҳо баробари тарбияи фарзанд ва ҳифзи чароғи хонадон барои пойдории халқу миллати хеш дар радифи мардон кору пайкору ҷонбозиҳо кардаанд. Дар саҳифаҳои дурахшони             таърихи  миллатамон номҳои Гурдофарид, Томирис, Рухшона Робиаи Балхӣ, Зебуннисо ва садҳо модарону хоҳарони хирадманду фарзона, донишманду оқила, размандаву ҷасур бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд. Зеро кору пайкори онҳо то ҳанӯз намунаи ибрат, сабақи зиндагӣ, сазовори пайравӣ ва ифтихори миллати тоҷик мебошад».

                   Барои ҳар як инсон, чи зану чи мард маълум аст, ки зиндагии ҳар фарди ҷомеа аз меҳру муҳаббат ва сидқу вафодории  Зан – Модар сарчашма  мегирад. Шоирон дар тўли таърих дар васфи зан-Модар шеъру достонҳои марғуб навиштаанд. Онҳо Зан-Модарро ҳамчун чароғи мунаввари хонадон, ҳидоятгари ахлоқи нек ва дастгиру  наҷотбахши ҳамешагии мо муаррифӣ намудаанд. Воқеан таҷрибаи фардии ҳар яки мо аз он далолат мекунад, ки фазилати оливу рушду нумуи ҷомеа аз талошҳои Модар сарчашма мегирад.