БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

 Бахшида ба “Рӯзи модар” дар коргоҳи дузандагии ноҳия чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид ва дар он занону бонувони ноҳия ҳунарҳои дастии худро аз қабили кашидадӯзӣ, чакандӯзӣ, қуроғдӯзӣ, бофардагӣ, кокулбофӣ, духтани сарурибоси миллии атласу чакан ба намоиш гузошта, хотири аҳли нишастро болида намуданд.Раҳимова Маъмурби мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор занону модаронро таҳният намуда, барои саҳми назаррас гузоштан дар татбиқи сиёсати инсонмеҳвари Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳкиму пойдории олилаи солим, дастгирии ибтикороти давлату Ҳукумати кишвар ва созандагию ободонӣ дар маҳал изҳори қаноатмандӣ намуд. Тазаккур дода шуд, ки имрӯзҳо садҳо нафар занону бонувони мо номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, баробари мардон паҳлӯ ба паҳлӯ истода, бо саҳмгузорӣ дар рушду ободонии ноҳия, дар таълиму тарбияи насли ҷавон, ҳифзи саломатии ҷомеа корбарӣ намуда, ба Ватан вафодорӣ ва садоқат нишон додаистодаанд.