ДАСТОНИ ПУРЕҶОЗИ ЗАНОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар робита ба иҷрои барқияи телефонии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро ҷиҳати истиболи сазовори идҳои баҳории бахшида ба “Рӯзи модар” бо ташаббуси мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар Кибохонаи марказии ноҳия дар доираи аксияи ҳизбии “Тоҷикона мепушем” чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид ва дар он занону бонувони чирадаст ва эъзоҷгар ҳунарҳои дастии худро аз қабили кашидадӯзӣ, чакандӯзӣ, қуроғдӯзӣ, бофардагӣ, кокулбофӣ, духтани сарурибоси миллии атласу чакан ба намоиш гузошта, хотири аҳли нишастро болида намуданд. Зимни суханронӣ Раҳимова Маъмурбӣ иброз дошатнд, ки Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор занону модаронро ба фарорасии идашон таҳният намуда, барои саҳми назаррас гузоштан дар татбиқи сиёсати инсонмеҳвари Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳкиму пойдории оилаи солим, дастгирии ибтикороти давлату Ҳукумати кишвар ва созандагию ободонӣ дар маҳал изҳори қаноатмандӣ намуд. Тазаккур дода шуд, ки имрӯзҳо садҳо нафар занону бонувони мо номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, баробари мардон паҳлӯ ба паҳлӯ истода, бо саҳмгузорӣ дар рушду ободонии ноҳия, дар таълиму тарбияи насли ҷавон, ҳифзи саломатии ҷомеа корбарӣ намуда, ба Ватан вафодорӣ ва садоқат нишон додаистодаанд. Дар охир фаъолони чорабини бо сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дарноҳияи Фархор қадрдонӣ карда шуданд.