МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ РӮЗИ МОДАРОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди шоҳмот бо иштироки омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳияи Фархор бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни Рӯзи Модарон роҳандозӣ карда шуда аст. Санаи 29 феврали соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10  бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Раҳимова Маъмурбӣ даври аввали ин мусобиқа миёни бонувони муассисаи мазкур  баргузор гардид.