ОЗМУНИ НОҲИЯВИИ ОНШОИ БЕҲТАРИН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бахшида ба истиқболи сазовори Рӯзи модарон дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Фархор озмуни ноҳиявии иншои беҳтарин дар мавзӯи “Модари хушбахт” элон карда шуда аст.Санаи 29 феврали соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10  бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Мирзоев Толиб даври аввали ин озмун миёни хонондагони синфҳои болоии муассисаи мазкур шурӯъ гардид. Дар озмун хонандагон иншоҳои худро оид ба мавзуи болозикр навишта ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор пешниҳод менамояд, ки аз тарафи устодони ботаҷриба санҷида шуда баҳогизори карда мешаванд.