ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ – БАХШИ МУҲИМИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар робита ба иҷрои барқияи телефонии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти хатлон аз 22.02.2024 №1/3-7 оид ба истиқболи ҷашни Наврӯз 2024 ва роҳандози намудани чорабиниҳои фарҳагӣ санаи 28 – феврали соли ҷорӣ бо ташаббус ва корбарии Раимова Маъмурбӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷовонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор намоиши, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор карда шуд. Зимни суханронӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷовонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳия Раҳимова Маъмурбӣ гуфта гузаштард, ки низоми анъанаҳо ва ҷашну маросимҳои миллии тоҷикон ба ғайр аз анъанаҳои хусусияти байналмилалӣ-умумимусулмонӣ доштаи динӣ, инчунин, анъанаҳо ва ҷашну маросимҳои зиёди этникӣ-фарҳангиро дар бар мегирад, ки онҳо дар  соҳаҳои мухталифи ҳаёти моддӣ-ва маънавӣ татбиқ меёбанд. Як қисми ин мероси фарҳангӣ дар даврони зардуштӣ, қисми дуввумашон дар давраи исломӣ, саввумиҳо – дар замони шӯравӣ пайдо шуда, хазинаи фарҳанги миллии моро ғановат бахшидаанд. Онҳоро аз лиҳози мансубият ё даврабандии таърихӣ  ба ду қисмати асосӣ ҷудо кардан мумкин аст: а) анъанаву маросимҳои тоисломӣ; б) анъанаву маросимҳои исломӣ. Аз нуқтаи назари мансубият ба ин ё он соҳаи ҳаёти ҷомеа бошад, соири анъанаву маросимҳои милливу динии тоисломӣ ва исломии тоҷиконро ба чунин қисматҳои асосӣ ҷудо кардан мумкин аст: -анъанаву маросимҳои марбути ибодат ва диёнат; – анъанаҳои марбут ба  соҳаи давлатдорӣ ва ҳуқуқ;  – анъанаву маросимҳои оилавӣ-маишӣ;  анъанаҳои иҷтимоӣ, меҳнатӣ – хоҷагидорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ.