МОҲИЯТИ НУҚТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМ ШАРҲ ДОДА ШУДАНД.

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Санаи 27 феврали соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ” мулоқоти Раҳимова Маъмурбӣ мудири шаъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2023 бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб баргузор карда шуд.Зимни суханронӣ иброз доштанд, ки дар низоми муосири давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳимми расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, ифодаи равшани рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин лиҳоз на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Тоҷикистон гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд. Инчунин гфта шуд, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Танҳо дар давоми соли 2023-юм 132 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта, ба истифода дода шуд. Инчунин Пешвои миллат таъкид карданд, ки бо кушодани ин биноҳо ва хоса бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шароити беҳтарини корӣ муҳайё гардид, ва бояд, ки аз роҳбарият то мутахассисони ин соҳа фаъолияти худро дучанду сечанд беҳтар намоянд.Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат 2 баробар зиёд шуда, аз 5,3 миллион нафар дар соли 1991 то ба 10,2 миллион нафар дар соли 2023 расид. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки афзоиши табиии аҳолӣ аз ҳисоби зиёд шудани таваллуд ва паст гардидани фавт дар замони соҳибистиқлолӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 2,1 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла дар ин давра шумораи фавт ба ҳисоби 1000 нафар аҳолӣ аз 6 нафар дар соли 1991 то 3 нафар дар соли 2023 паст гардидааст. Яъне дар ин давра фавт 2 баробар коҳиш ёфтааст. Аз ҷониби дигар, дар ин давра дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол ба 76,3 сол расидааст. Нишондиҳандаҳои мазкур далели равшану возеҳи беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошанд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки бо вуҷуди пешравиҳои назарраси солҳои охир, ҳанӯз баъзе ҷанбаҳои калидии соҳа, аз ҷумла баланд бардоштани сифати тарбияи кадрҳо, аз байн бурдани мушкилоти норасоии мутахассисон ва омилҳои коррупсионӣ аз ҷумлаи масъалаҳои ҳалталаби соҳа мебошанд.