ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА КИТОБХОНАҲО

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

        Бо мақсади амалисозии ҳадафҳои давлату ҳукумати мамлакат дар робита ба рушду инкишофи илму маърифат ва ҷалби бештари хонандагон ба китобу китобхонӣ Дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бо ин мақсад, санаи 27 – феврали соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 дар доираи омодагиҳо ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат», маҳфили китобхонӣ роҳандозӣ шуд. Дар ин маҳфил дустдорони китоб фаъолона ширкат варзида, сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳуриро ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба китобу китобхона ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд. Дар ин чорабинии муҳимми фарҳангӣ хонандагон дар китобхонаи мактаб зиёда аз 200 номгӯ китобро, ки фарогири асарҳои бадеӣ, адабиёти классикии форсу тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва адабиёти кӯдакона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ буд, барои мутоленамои бо худ гирфтанд. Мақсад аз баргузор намудани чунин чорабиниҳо, пеш аз ҳама, ба мутолиаи китоб рӯ овардани хонандагону дӯстдорони китоб, дастрас ва шиносоӣ бо адабиёти гуногунсоҳаи тозанашр ва баланд бардоштани маърифати китобхонӣ мебошад.