23 – МАРТ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

                Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Фархор бо иштироки аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва дигар хонандагон ҷамъомади тантанави таҳти унвони “Пешвои миллат ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ” бахшида ба элон гардидани соли 2025 ҳамчун соли ҳифзи пиряхҳо доир карда шуд.

            Директори муассисаи мазкур дар назди ҷамъомадагон оид ба мавзӯи болозикр баромад намуда иброз доштанд, ки таъсир ба захираҳои обии сайёра, яке аз ҷанбаҳои муҳими тағйирёбии глобалии иқлим, маҳсуб меёбад. Ташвишовар он аст, ки захираҳои оби ошомиданӣ ҳамарӯза кам гардида, сифати он коҳиш меёбад. Ҳалли чунин мушкилӣ дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон, ки об дар онҳо асоси рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, ҳаётан муҳим арзёбӣ мегардад. Дар ин росто зарур аст, ки дар баробари механизмҳои бешумори марбут ба вокуниш ба тағйирёбии иқлим чунин абзорҳо ва бархӯрди муносиб дар мавриди обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои ногувори он низ, роҳандозӣ гарданд. Дигар нуктаи муҳим он аст, ки  бо  ибтикори Тоҷикистон бори нахуст дар доираи Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим, яъне “COP 27”, мавзуи об ҳамчун як масъалаи алоҳида, минбаъд дар рӯзномаи тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор мегирад ва бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон акнун, мавзуи пиряхҳо дар платформаҳои байналмилалӣ баррасӣ хоҳад шуд. Зимнан, қобили тазаккур аст, ки 21 декабри соли 2020 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлоси 75-ум Қатъномаи А75/212-ро, ки аз ҷониби Тоҷикистон бо ҳаммуаллифии аксарияти мутлақи давлатҳои аъзои СММ пешниҳод шуда буд, бо номи “Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, (2018 – 2028) қабул намуд.  Инак, дар доираи татбиқи Қатъномаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо баргузории ҳамоишу конфронсҳо ва чорабиниҳои муҳим идома меёбанд, ки Тоҷикистон дар онҳо аллакай, ба сифати кишвари соҳибтаҷрибаву ташаббускор аз мавқеъ ва манзалати хос бархӯрдор буда, дар умури тадорукот мудириятро низ бар уҳда дорад. Дар доираи қатъномаҳои бо ташаббуси Тоҷикистон қабулшуда, дар минтақаҳо ва кишварҳои дунё даҳҳо сохтори минтақавию байналмилалӣ таъсис ёфтанд, ки мақсади асосии онҳо мусоидат ба масъалаҳои таъмини аҳолӣ ва бахшҳои мухталифи иқтисодӣ бо об ва беҳтар намудани ҳамкориҳо дар соҳаи об дар ҳама сатҳҳо – маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад.