ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ ШАШКАЮ ШОҲМОТ МИЁНИ ҶАВОНОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо мақсади оммавияти варзишу ҷалби бештари ҷавонон ба бозиҳои варзишӣ дар ноҳияи Фархор асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба баргузории чорабиниҳои варзишӣ чиҳати истиболи сазовори ҷашни дарпешистодаи Рӯзи Модар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ЛКТ” мусобиқаи кушоди варзишӣ аз руи намуди шашкаю шоҳмот миёни донишҷуёни Литсейи касбӣ – техникии ноҳия роҳандозӣ шуд. Дар кушодашавии мусобиқа намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Мирзоев Толиб иштирок ва суханрони намуданд. Дар мусобиқаи мазкур таълимгирандагон дар ду гуруҳ ҷудо шуда, миёни ҳам сабқат менамоянд ҳамин тариқ мусобиқа то сонаи 5 март идома карда дастаи ғолиб дар маросими тантанавӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ мешаванд.