ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВИ БАХШИДА БА 31 – СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ КИШВАР

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар толори маҷлисгоҳи Китобхонаи марказии ноҳияи Фархор ҷамомади тантанавӣ бо иштироки аъзои Фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳия санаи 22 – феврали соли равон баргузор карда шуд, ки дар он инчунин, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ализода Аҳмадҷон интирок ва суханрони Намуданд.

         Саравал чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ҳусни оғоз бахшида иброз доштанд, ки 31 сол мешавад, ки Артиши миллӣ  дар сохтмону таҳкими минбаъдаи давлати миллӣ ва  истиқлоли давлатӣ нақши муҳим мебозад.  Инак ба таҷлили ин ҷашн рӯзҳои башумор мондаанд. Фаъолияту дастовардҳои Артиши мамлакатро давоми 31 соли таъсис метавон натиҷаи пурсамари ҷоннисорони миллат баҳри ҳифзу дифои ҳар пора замину ҳар зарра хоки диёр номид. Нақши  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёду рушди   Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон беназир аст. Инсоният давоми таърихи дароз 15 ҳазор ҷангро аз сар гузаронидааст ва имрӯзҳо низ дар гӯшаҳои гуногуни олам муноқишаҳои ҳарбӣ рӯй медиҳанд. Ҷангҳо зиён ва талафоти зиёде оварда, оммаи зиёди одамонро аз кору заҳмати осоишта канор мезананд. Дар ин ҷангу муноқишаҳо ҳамеша Қувваҳои Мусаллаҳ ба сифати абзори ҷанг истифода шудаанд. Зеро воситаи асосии пешбурди ҷанг артиш аст. Дар ҳамаи давру замонҳо аз артиш барои ҳимояи давлат ва ватан истифода мебурданд.

         Дар идома Ализода Аҳмадҷон намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар баромадашон оид ба тарбияи ҳарбӣ ватандустии ҷавонон суханрони намуда иброз дошт, ки Дар раванди давлатсозии миллӣ шаклҳои гуногуни тарбия, бахусус тарбияи ватандӯстӣ масъалаи ниҳоят муҳим ба шумор меравад. Дар таърих ватандӯстӣ ба сифати падидаи иҷтимоӣ барои таъсиррасонӣ ба шуури сиёсии шаҳрвандон ба кор бурда мешуд. Азбаски ҷаҳони мутамаддин дар таҳаввулоти ҳамешагӣ қарор дорад, дар мафкураи шаҳрвандон ҷой намуда тавонистани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ барои амалӣ намудани барномаву стратегияҳои давлатӣ аз фоида холӣ нест. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (28.12.2023) доир ба ватандӯстӣ сухан гуфта, аз ҷумла таъкид намуданд, ки «мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне, ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори  фаъолияти ҳаррӯзаамон қарор диҳем». 

Дар фарҷои ба ғолибони мусобиқаҳои варзиши ва озмунҳои доирнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба истиқболи 31 - солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сипосномаҳо ва таҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуданд.