ШАРҲИ НУКТАҲОИ МУҲИМИ ПАЁМ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 26 – феврали соли ҷорӣ  дар ташкилоти ибтидоии ҳазбии “Боғчаи №5” мулоқто Раҳимова Маъмурбӣ бо аъзои ҳизб доир шуд.

Раҳимова Маъмурбӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор  дар бораи нуктаҳои муҳимтарини Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд. Номбурда дар бораи аҳамияти Паём ибрози назар карда, онро ҳамчун дастури созанда, роҳнамои халқ унвон кард. Таъкид гардид, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди тоҷик давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, ҷойгоҳи масоили илму маориф дар Паём зимни доираи ҷаласа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки давлату Ҳукумати мамлакат соҳаи маорифро соҳаи афзалиятноки фаъолияти худ қарор дода, бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат тамоми нерўю тавоноии хешро ба ин самти ҳаётан муҳими кишвар равона карда, барои таълиму тарбияи босамари хонандагону донишҷўён дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ иқдомҳои заруриро рўйи кор оварда истодааст. Раҳимова Маъмурбӣ аз масъулини Боғча даъват ба амал овард, ки Паёмро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, онро ҳамчун дастури созанда дар зиндагӣ татбиқ намоянд.