ПАЁМ ДАСТУАМАЛИ КОРӢ БАРОИ ҲАМАИ СОҲАҲО

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

         Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Боғчаи №4” мулоқоти Раҳимова Маъмурбӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷовонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

         Номбурда иброз дошатнд, ки зимни ироаи Паём Сарвари давлат соҳаи маорифро соҳаи муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф-сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад,аз ин лиҳоз кормандони соҳаро мебояд барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ, ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи авалиндараҷа зоҳир намоянд.   Инчунин гуфта шуд, ки Пешвои миллат ба зан модар эътибору эҳтироми хоса зоҳир намуда, дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми онҳо пайваста талошу кӯшиш менамоянд. Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат содиқона хизмат карда истодаанд. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд. Дар ин росто Пешвои миллат таъкид кардад, ки мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем. Иброз намуданд, ки бовар дорам занону модарон ва бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд.