СОАТИ СИЁСИ ДАР ДОИРАИ НАҚШАИ МУШТАРАК

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Муассиси таҳсилоти миёнаи умумии №23 дар доираи нақша чарабиниҳои тасдиқшуда  соати сиёсӣ дар мавзӯъи “Тоҷикистон дар системаи ҷаҳони муосир” баргузор гардид.

  Ҳамзамон, дар мулоқоти мазкур иштирок доштанд, омӯзгорон ва намояндаи шӯрои собиқадорони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор. Нотиқон оид ба мавзӯи болозикр маърӯзаҳои худро дар назди хонандагон қироат намуданд.  Директори муассиса Мирмадиева Арафа дар навбати худ иброз доштанд, ки баъд аз соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас оид ба расмият даровардани қонуну қоидаҳои ҷадид шурӯъ гардид. Пас аз эълони истиқлолияти давлатӣ фавран қонунҳои зерин «Дар бораи тағйир додани номи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (31 августи 1991)», «Дар бораи интихоботи Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон (10 сентябри 1991)» ва ғайра қабул гардид. Дар мамлакат зарурияти қабули конститутсияи нав ба миён омад. Ин зарурият аз он бармеояд, ки шароити таърихӣ тағйир ёфта, ҷумҳурии соҳибистиқлол ташкил ёфта буд. Дар мазмун ва равандҳои ҳаёти иқтисодӣ,иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд . Сохтори сиёсӣ низ тақозо мекард, ки дар асоси қоидаҳои нав коргузорӣ карда шавад. Бо ин мақсад 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба таври райъпусии умумихалқӣ қабул карда шуд.

Ҳар сол 6 ноябр, ҳамчун рӯзи Конститутсия дар ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар моддаи якуми конститутсия омадааст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягона мебошад». Мувофиқи конститутсия ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба халқ тааллуқ дорад. Тибқи моддаи 9-и Сарқонун ва моддаи 3-и Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар мамлакат тавассути мақомоти қокунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.