ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНИИ АЪЗОИ ТҶҶ “СОЗОНДОГОНИ ВАТАН”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 26  феврали соли ҷорӣ вобаста ба иҷрои дастури  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба баргузор намудани аксияи ҳизбӣ зери унвони “Ободии диёр мароми мост” бо ҷалби аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳудуди маҳаллаҳои шаҳраки Фархор корҳои ободониро баргузор карда шуданд. Дар ин руз аз тарафи аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” корҳои тоза намудани саҳни муассисаи таълимии №61 аз ҳар гуна партовҳо, нарм намудани бехи дарахтон ва сафед кардани онҳо, тоза кардаии новаҳои бетонии, шинонидани ниҳолҳои ҳамешасаб ва ғайра ба иҷро расонида шуданд.