СОАТИ СИЁСИ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №6

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 24 - феврали соли ҷорӣ дар Муассиси таҳсилоти миёнаи умумии №6 дар доираи нақша чарабиниҳои тасдиқшуда оид ба баргузории амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соати сиёсӣ дар мувзӯи “Дастовардҳои даврони соҳибистиқлоии Тоҷикистон” баргузор карда шуд.Директори муассаи мазкур тули соати дар ихтиёрдоштаашон бо хонандагони оид ба мавзуи болозикр суханрони намуда иброз доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба хотири баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар байни ҷомеаи башарӣ ва ташаккул додани асосҳои сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ва мутавозини “дарҳои кушода” ба ҳайси шарики боэътимоду хайрхоҳ дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати шоиста пайдо намуда, ҳамчун яке аз кишварҳои ташаббускор дар ҳалли як қатор мушкилоти глобалӣ, бахусус, масоили мубрами амният, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим эътироф гардид. Дар натиҷа имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлате мешиносад, ки дар ҳаллу фасли мушкилоти мубрами глобалӣ пешсаф мебошад. Ҳоло иқдоми панҷуми кишвари мо оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор дорад. 

Фарҳанги давлат низ дар арсаи ҷаҳон ба таври зарурӣ муаррифӣ ёфта, обрӯю нуфузи худро мустаҳкам гардонд. Бунёд гаштани осорхонаҳо, театрҳо, марказҳои фарҳанг, боғҳои фароғатӣ, гулгашт ва хиёбонҳо дар ҳар як шарҳу ноҳияҳои мамлакат тасдиқкунадаи гуфтаҳои болост.

Дар даврони истиқлолият ҷашни миллии мо тоҷикон — Наврӯз мақоми ҷаҳониро соҳиб шуд. Ин ҷашни бостонии мардуми тоҷикро маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз нав эҳё намуданд ва ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки ин сарзамини аҷдодӣ, сарзамини муқаддас аст. Анъана ва суннатҳои неки Наврӯз ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёинажод, аз ҷониби халқҳои гуногуни Шарқ пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанги миллии онҳоро низ афзун сохтааст.