БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ҲУДУДИ НОҲИЯ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастури  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳирзбии “Садоқат ”-и ноҳияи  шанбегӣ  дастаҷамъона баргузор намуданд. Дар ин рӯз аъзоён, фаъолону ҳизбиён барои тоза намудани гирду атрофи маҳали зизт аз партовҳо ва тагшинҳои аз ҷуйборҳо баровардашуда бо ҷалби техникаҳои зарурӣ камари ҳимат баста, инчунин нарм кардани бехҳои дарахтону гулҳои ороиширо ба анҷом расониданд. Минбаъд корҳои ободони дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия идома дода мешавад, ки баҳри тозагию ободонии ноҳия саҳми арзанда гузоранд.