ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар Ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24-уми феврал, бо иштироки муовини аввали раиси ноҳияи Фархор Вализода Насрулло ва  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор майдончаи варзишии замонавӣ ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур аз майдончаи универсалии бозии футбол, иборат мебошад. Дар маросими кушодашавии майдончаи варзишӣ зикр гардид, ки бунёди ин ва дигар иншоотҳои варзишӣ дар шаҳраку деҳоти ноҳияи Фархор бо мақсади фароҳам овардани шароити хуб барои истироҳату фароғати сокинон, ба варзиш машғул шудани ҷавонону наврасон ва бозию дилхӯшии кӯдакон сохта ба истифода дода шуда истодаанд, ки ин аз ҳадафҳои созандаи роҳбарияти ноҳия, дар доираи супоришҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ва ҳамзамон, барои тарғибӣ ташакули ҳаёти солим миёни ҷавонон ва наврасони деҳоти айни мудао мебошад.